- калон
- [کلان]1. ҳаҷман ва миқдоран бузург, азим: калони калон, ҷӯи калон …; маблағи калон пули зиёд; роҳи калон роҳи васеъ (-и одатан мошингард); калон-калон қадам мондан васеъ-васеъ қадам мондан; тез роҳ рафтан2. ба синни балоғат расида, ба воя расида; калонсол, солхӯрда: одами калон, писари калон; калону хурд, хурду калон бузургу майда, ҳама; ҳар хел, ҳар гуна: калону хурд ҷамъ шуданд3. гуфт. сардор, мансабдор (ба ин маънӣ асосан дар шакли ҷамъ калонҳо ба кор бурда мешавад)4. аз рӯи вазифа, рутба ва унвон нисбат ба дигарон болотар: лейтенанти калон, муаллими калон, муҳандиси калон, ходими калони илмӣ; вазифаи калон амалу мансаби муҳим (масъул); калон кардан ба воя расонидан; тарбия кардан; калон шудан а) ба воя расидан; б) ба мансаб расидан, сардор шудан; кори калон! бисёр олӣ!, бисёр нағз!, айни муддао! (дар мавриди таҳсин гуфта мешавад); калон кушодани чашм дар тааҷҷуб афтодан, ҳайрон шуда мондан; нафсро калон кардан бисёр тамаъкор шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.